Паҳлавони маъруфи тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқаи байнулмилалии касбии ҷудо байни мардон ва занон «Russian Judo Tour», ки дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, медали тилло ба даст овард.
Дар рӯзи якуми мусобиқаи «Russian Judo Tour», 21-уми декабр, Эмомалӣ Нуралӣ дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило бо мағлуб кардани Бетал Чегемов (Русия), Ербол Аббосбеков (Қирғизистон) ва Дилшодбек Баротов (Узбекистон) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар финал гуштигири Узбекистон МуҳриддинТилововро шикаст дода, бо медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 400 ҳазор рубли русӣ (4000 доллари ИМА) мукофотонида шуд.
Рӯзи якшанбеи 22-юми декабр рақобатҳо дар вазни то 81, 90, 100 ва беш аз 100 кило байни мардон, инчунин дар вазни то 48, 52 ва 57 кило миёни занон сурат мегирад.