
Имрӯз, 16. 04. 2025 дар МД Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсия таҳти унвони «Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон
барои кор ва зиндагй» баргузор гардид.
Дар конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур Ван Дизэн, директори «Алиф Бонк» Гуланор Атобекова, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конференсия, иштирокчиён — намояндагони муассисаҳои таълимӣ, вазорату кумитаҳои дахлдор, шарикони байналмилалӣ ва коршиносони соҳа натиҷаҳо ва таҷрибаҳои татбиқи лоиҳаи «Такмили маҳорату малакаҳои наврасон барои гузариш аз муҳити таълимӣ ба бозори меҳнат» — ро, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки барномаи мазкур беш аз 43000 наврасу ҷавон, аз ҷумла духтарон, гурезагон ва сокинони дурдасти кишварро фаро гирифта, заминаи мусоиди рушди захираҳои инсонӣ ва гузариш ба бозори меҳнатро фароҳам сохтааст.
Конференсияи мазкур платформаи муҳим барои мубодилаи дониш, таҷриба ва ташаккули дурнамо дар самти баланд бардоштани сифати омодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақил ва фаъолияти меҳнатӣ мебошад.