
26 майи соли ҷорӣ дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки Қобилҷон Хушвахтзода, Президенти АМИТ, олимону коршиносони академия ва намояндагони вазорату идораҳо Озмоишгоҳи Низоми иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Озмоишгоҳи Низоми миллии иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон бо истифода аз аксҳои моҳворагии сифати баланд ва дақиқияти боло пиряхҳоро таҳқиқ намуда, масоҳати онҳоро муаяйн менамояд. Натиҷаи таҳқиқот бо истифода аз технологияи коркард ва дар шакли рақамӣ дар сомона ҷойгир карда мешавад.
Фаъолияти озмоишгоҳи мазкур қадами нахустин дар роҳи ташкили Низоми миллии иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки пас аз таҳияи комили он дар раванди истеҳсолот татбиқ гардида, идоракунии минбаъдаи он ба ихтиёри мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дастрас мегардад.