
Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) Абдулло Иброҳимзода беҳтарин бозигари вохӯрӣ барои ҷойи сеюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) муқобили тими Ӯзбекистон дониста шуд.
Ин бозӣ имрӯз, 16-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, 3500 тамошобинро ҷамъ овард. Вақти асосии рақобат мусовӣ — 1:1 шуда, дар серияи пеналти бозигарони мо муваффақ шуданд — 4:2.