Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия меҳмони олиқадр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинону аҳли фарҳанги ноҳия самимона ва бо шодиву сурур истиқбол гирифтанд.
Лозим ба зикр аст, ки ноҳияи Рӯшон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушду пешрафти назаррас ноил гардидааст ва дар натиҷаи таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар сатҳи зиндагии сокинонаш сол аз сол беҳтар мегардад.







