31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Тянҷин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.
Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуда, як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳанд.




