
Имрӯз дар бинои Парламенти кишвар мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баргузор гардиданд.
Қабл аз оғози мулоқотҳо Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу дар Китоби меҳмонони ифтихории Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соядаст гузошт.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва хайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Ба рушди бемайлони робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун самти муҳимми ҳамкории дуҷониба таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ба муколамаи мунтазами сатҳи олӣ, натиҷаҳои сафарҳои мутақобилаи давлатии Сарони ду давлат ва имзои санадҳои нави дуҷониба, ки дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои неки дӯстона ва ҳамҷавории ду кишвар нақши созгор дорад, баҳои баланд доданд.
Дар ин робита аҳаммияти таърихии имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ, Шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ махсус таъкид гардид.
Дар ин раванд, нақши калидии парламентҳои ду кишвар дар тавсеаи заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва татбиқи аҳдномаҳои бадастомада муҳим шуморида шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба рушди тоза касб кардани анъанаҳои таърихии дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигарӣ, ҷонибҳо барои таҳкими муколамаи амалӣ ҷиҳати пешбурди муътадили муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳавасмандии муштарак зоҳир намуданд.
Такон бахшидан ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо дарназардошти афзун намудани ҳаҷми гардиши мол ва истифодаи иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар ин самт ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Тамоюли мусбати афзоиши гардиши мол дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба мушоҳида расид.
Зикр гардид, ки дар таъмини тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ Шӯрои байниҳукуматӣ, ки бо ташаббуси Сарони ду давлат таъсис ёфтааст, нақши муассир дорад.
Ба масъалаҳои содагардонии расмиёти гумрукӣ ва сертификатсиякунонии маҳсулот тавасссути “равзанаи ягона”, таъсис додани долони нақлиётию логистикии байни Душанбе ва Бишкек, ташкили намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва муаррифии рақамии маҳсулоти саноативу аграрии ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо фаъолгардонии ҳамкорӣ оид ба сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити муносиби амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар самтҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва знергетикаро зарур донистанд.
Омодагии ҷонибҳо барои рушди мунтазами робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу башардӯстӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон изҳор карда шуд.
Баррасии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахши амният ва мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз мавзӯъҳои дигари музокирот буданд.