Дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон — 2025 оғоз гардид ва он то 15 ноябр идома хоҳад мекунад. Дар маросими ифтитоҳии он роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намояндаи шаҳрдори Душанбе, сафирони кишварҳои иштирокдор ширкат ва суханронӣ намуданд. Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи саноат ва савдо дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи шаҳри Душанбе ташкил гардида дар он беш аз 60 ширкат аз кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Белорус, Ҳиндустон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Чин иштирок доранд. Истеҳсолкунандагони ватанӣ низ аз саросари Тоҷикистон иштирок дошта маҳсулоту хизматрасониҳои инноватсионии худро муаррифӣ менамоянд.
Боздидкунандагон аз соати 10:00 то 17:00 метавонанд аз намоишгоҳ дидан кунанд.
Шарифиён Абдурофеъ, Овози тоҷик



