Дар шаҳри Тошканд дар доираи омодагиҳо барои баргузории Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбайҷон аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон Конгресси байналмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ: мероси маънавию маърифатии муштарак — ояндаи муштарак» доир гардид.
Дар кори он намояндагони илму фарҳанг, адабиёту ҳунар, ҷавонон ва таърихшиносон ширкат варзиданд.
Пеш аз оғози Конгресси байналмилалӣ Маркази нави тамаддуни исломии Ӯзбекистон муаррифӣ гардид, ки он аз се бахши асосӣ Эҳёи якум, Эҳёи дуввум ва замони муосир иборат аст.
Дар ҳар бахш дар бораи таърихи Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои гуногун, мавзеҳои таърихии минтақа, шахсиятҳои маъруф ва шоирону нависандагони машҳури халқҳои Осиёи Марказӣ маълумотҳо пешниҳод мегардад.
Махсусан экспонатҳои қадима ва истифода аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ осорхонаи марказро хеле диққатҷалбкунанда ва муассир гардонидааст.
Баъдан кори асосии Конгресси байналмилалӣ бо сухани ифтитоҳии директори Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухоликов оғоз гардид. Ӯ меҳмононро ба ҳамоиши байналмилалӣ хайрамакдам гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкориҳои фарҳангию илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои боз ҳам рушду тавсеаи робитаҳои мардумони минтақа хидмат менамояд. Ҳамчунин қайд гардид, ки ҳадафи асосии форум — дарки мероси маънавӣ ва илмии халқҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун пояи ягонагӣ, рушди устувор ва муколамаи байнифарҳангӣ мебошад.
Дар кори ҳамоиши байналмилалӣ намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Озарбайҷон ширкат доранд.
Аз ҷумла Тоҷикистонро Вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, директори Китобхонаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ Шодимҳаммад Суфизода, муовини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, директор фонди адабиёт Акбар Абдулло, роҳбари Ассотсиатсияи волантёрони Тоҷикистон Зарнигор Раҷабзода ва дигарон намояндагӣ доранд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни баромади хеш аҳамияти мероси маънавиро ҳамчун пояи шинохт ва қувваи ахлоқие, ки ба халқҳои минтақа дар паси сар кардани озмоишҳои замон кӯмак кардааст, таъкид намуд. Осиёи Марказӣ ҳамчун маҳалли пайвастагии тамаддунҳои бостонӣ ва пули фарҳангӣ байни Шарқ ва Ғарб шинохта шудааст, ки дар он аввалин донишгоҳҳо, китобхонаҳо ва мактабҳои илмӣ пайдо шудаанд ва ба фарҳанги ҷаҳонӣ таъсири калон расонидаанд.Таваҷҷӯҳ махсус ба ҳифзи ёдгориҳо, инкишофи театрҳо, музейҳо, китобхонаҳо, инчунин рақамигардонии фаъолияти музей ва мубодилаи таҷриба байни муассисаҳо зоҳир мегардад.
Дар самти кино лоиҳаҳои муштарак, дастгирии филмсозони ҷавон ва офаридани филмҳо оид ба шахсиятҳои таърихии барҷаста дар назар гирифта шудаанд.
Дар самти сиёсати ҷавонон ба тарбияи баланди маънавӣ, ватандӯстӣ ва фаъолиятҳои эҷодӣ тавассути навовариҳо ва стартапҳо нигаронида шуд.
Интизор меравад, дар доираи баргузории Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбайҷон, ки рӯзҳои 15-16 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳанд шуд, Президентҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Озарбайҷон ба Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос шаванд.
Зуҳриддин УМАРОВ,
«Овози тоҷик» аз шаҳри Тошканд



