Дар вилояти Суғд озмуни «Беҳтарин вассофи Пешвои миллат», ки ба ифтихори Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, натиҷагирӣ шуд.
Озмун аз рўи номинатсияҳои «Беҳтарин гуфтор», «Беҳтарин оҳанг», «Беҳтарин эҷоди шеър», «Беҳтарин суруд», «Беҳтарин расм» ва «Беҳтарин ролик» доир гардид.
Озмун аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо телевизиони «Баҳористон» ва рўзномаи вилоятии «Ворисони Суғд» тариқи онлайн ташкил гардид.
Дар вазъияти мутантан ба 18 нафар ғолибон ва 31 нафар иштирокчиёни беҳтарини озмун диплому сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Маврид ба зикр аст, ки давоми як моҳ наздик 200 мавод қабул ва аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ гардида, беҳтаринҳо муайян шуданд.
Зимни ҷоизасупорӣ ба ғолибон таъкид карда шуд, ки озмуни мазкур бо мақсади дастгирии наврасону ҷавонони соҳибистеъдод баргузор гардида, ҳадафи он ошноии бештари насли наврас бо корномаҳои фидокоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Андар Раҳмонӣ



