Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор – аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Узбекистон озод гардида, Насреддин Исматулло, ки дорои таҷриба ва собиқаи корӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Узбекистон таъин карда шуд.
Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насреддин Исматулло аз вазифаи Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гадида, Ҳамрализода Фаррух, ки дар сохторҳои мақомоти давлатӣ солҳои зиёд фаъолият намудааст, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.



