Дар бинои Маҷлиси Олӣ мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ карда шуд.
Ҳамчунин дар бинои Маҷлиси Олӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентии ду ҷониб мулоқот анҷом доданд.
Дар оғоз роҳбарони ҳайатҳо аз толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон боздид намуда, сипас Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш дар Китоби меҳмонони фахрии Маҷлиси Олӣ таманниёти худро сабт намуд.
Дар оғози мулоқот, нахуст, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфтанд.



