Имрӯз, 29 декабр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории озмуни «Китоби сол» ва «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин» дар соли 2025 баргузор гардид. Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён изҳор дошт, ки соли 2025 барои аҳли фарҳангу адаб, соли бобарор ба ҳисоб меравад. Баргузории озмунҳои «Китоби сол» ва «Рӯзномаву маҷаллаи беҳтарин» барои шоирону нависандагон ва аҳли матбуоти кишвар имкон медиҳад, ки дар самти нашри китобҳои пурмазмун ва рӯзномаву маҷаллаҳои хонданӣ боз ҳам бештар талош намоянд. Дар маросими мазкур, китоби «Абармарди таърихсози»-и академик Фарҳод Раҳимӣ, ки иборат аз ду ҷилд аст, соҳиби шоҳҷоиза гардид. Ин китоб саҳми беназири Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот, рушди илм дар кишвар, ташаббусҳои минтақавиву ҷаҳонӣ ва дигар масоилро дарбар мегирад. Ҳамчунин рӯзномаву маҷаллаҳои Садои мардум, Мароми пойтахт, Маърифати омӯзгор, Илм ва ҳаёт, рӯзномаҳои минтақавӣ ва ғайра соҳиби ҷоиза ва диплому сипосномаҳо гардиданд.
Абдурофъ Шарифиён, «Овози тоҷик»



