Соли гузашта Вазорати фарҳанги кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ворид гардидани 11 ёдгорӣ аз қабили мероси фарҳангии Хутали қадим, номинаи миллии «Фарҳанги суманакпазӣ» ва қабули қатъномаи «Устувонаи Куруш: эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар» аз дастовардҳои муҳим дар соли гузашта мебошад. Ғайр аз ин, соли 2025 намояндагони Вазорати фарҳанг дар 65 чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, фестивалу ҳамоишҳои байналмилалӣ дар 21 кишвари ҷаҳон иштирок ва фарҳанги миллиро муаррифӣ намудаанд. Соли гузашта 44 иншооти фарҳангӣ сохта шуда, сохтмони 9 иншооти дигар идома дорад. Ҳамчунин 108 номгӯи китоб бо теъдоди 78 103 дар соли 2025 ба табъ расидааст. Дар доираи баргузории ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» 10 ҳазор нусха китоб ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ройгон дастрас карда шудааст.
Абдурофеъ Шарифиён, «Овози тоҷик»



