Дар соли 2025 Тоҷикистон содироти молу маҳсулоти ватаниро бо 64 кишвар ба роҳ монд, ки дар панҷгонаи аввал, кишварҳои Ҳоланд, Швейтсария, Чин, Ӯзбекистон ва Туркия шомиланд. Соли гузашта бе дарназардошти филизоти гаронбаҳо содироти молу маҳсулот 2149,6 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 қариб 550 млн доллар зиёд мебошад. Ин маълумот имрӯз, 30 январ дар нишасти матбуотии Агентии содирот баён шуд. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 2408 млн долларро ташкил дод, ки нисбати соли 2024 518 млн доллар афзоиш ёфтааст ва маҳсулоти кишоварзӣ бошад дар ҳаҷми 190,5 ҳазор тонна бо маблағи 79,2 млн содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2024 22,5 млн доллар зиёд мебошад.
Шарифиён Абдурофеъ, «Овози тоҷик»



