Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Туркия дар самтҳои саноат ва соҳибкорӣ бо ташаббус ва мусоидати Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов гурӯҳи соҳибкорони шаҳри Болуи Туркия бо сафари шиносоӣ ба Тоҷикистон омаданд.
Ҳадаф аз ин сафар дарёфти шарики боэътимод дар байни соҳибкорони тоҷик, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои тиҷоратӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки ба нақша гирифтани чунин ҳамкориҳо гувоҳи фаъолияти густурда ва боэътимоди Сафорати Тоҷикистон дар Туркия мебошад, ки барои таъсиси корхонаҳои муштарак тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар доираи сафар Сафорати Туркия дар Душанбе мулоқоти ҳайатҳои тиҷоратии ду кишварро роҳандозӣ намуд, ки дар он Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл иштирок дошт.
Таъкид шудааст, ки барои табодули таҷрибаи корхонаҳои истеҳсолӣ директори ширкати «Сифат саноат» Ҳокимшо Идиев яке аз омилҳои рушдро дар ин самт ташкили корхонаҳои муштарак арзёбӣ намуд.
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ «Сифат саноат»-и Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Dundariar»-и Туркия Ёддошти тафоҳум имзо шуд.