25 октябри соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо вазири нафт ва раиси Шӯрои мудирони Корпоратсияи нафти Кувайт Ториқ Сулаймон Ар-Румӣ дидору гуфтугӯ кард.
Дар он дидор, зимни арзёбии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт, вазъи кунунӣ ва чашмандози густариши ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи нафту газ ва мавзуъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.



