Дар даври ноҳиявии озмуни «Ҳафтаи мӯд дар водии Фарғона», ки дар ноҳияи Намангони Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Малика Уралова ғолиб омад. Дар ин бора худи Малика Уралова ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Мирсаиди Хайрулло иттилоъ дод.
Малика зимни тамоси телефонӣ гуфт, ба мӯд замоне таваҷҷуҳ кард, ки дар синфи 3 мехонд. Шуруъ аз синфи 9-ум ба дӯхтани либосҳои кӯдакона пардохт. Ин шавқ ӯро ба риштаи тарроҳӣ овард ва ҳоло либосҳои миллию аврупоӣ медӯзад.
Озмуни мазкур бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамъиятии «Оянда аз имрӯз оғоз мешавад» доир шуда, дар он донишҷӯи тоҷик либосҳои миллӣ ва аврупоии омоданамудаашро ба намоиш гузошт. Малика қаблан дар даври шаҳрии озмуни мазкур, ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, ширкат намуда, сазовори ҷойи аввал гардид ва ба даври минтақавии озмуни мазкур роҳхат гирифт.
Даври минтақавии озмуни «Ҳафтаи мӯд дар водии Фарғона» дар ноҳияи Намангони Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид. Он дар доираи лоиҳаҳои мақомоти маҳаллии ҷумҳуриҳои Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифта, ҳадафи он сарҷамъ намудани соҳибистеъдодҳо ва ба роҳ мондани дӯстӣ миёни минтақаҳо аст ва Малика тавонист миёни намояндаи ин 3 кишвар шарафи тарроҳони тоҷикро ҳимоя намуда, ғолиби мақоми аввал гардад.
Акнун Малика Уралова шарафи давлатамонро дар даври байналмилалии озмун, ки дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон доир мешавад, ҳимоя мекунад. Ӯ аллакай омодагиҳояшро ба зинаи азкур оғоз намуда, якҷо бо устодонаш эскизҳои нав меофарад. Ҳадафаш барандаи мақоми аввал шудан ва баланд бардоштани Парчами миллии кишварамон дар ин озмуни бонуффуз аст.