Дар давоми 5 моҳи соли равон ҶДММ “Атласи Хуҷанд” 20 ҳазор метр атласу адрас истеҳсол намудааст. Аз ин адад 14 ҳазор метр атлас ва 6 ҳазор метр адрас мебошад.
Тавре радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, танҳо дар ду моҳи охир зиёда аз 12 намуди атласи нав истеҳсол гардидааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҶДММ “Атласи Хуҷанд” тасмим гирифтааст, ки бо корхонаи “Кумуш – Сола” – и вилояти Самарқанд корхонаи муштараки ”Самарканд-Суғд-Силк”-ро ташкил намояд ва дар ин самт корҳои омодагӣ ҷараён доранд.
Боиси тазаккур аст, ки баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва ҷаҳонӣ намудани он дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Ин аст, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2022 ҳамаи онҳое, ки ба соҳаи атласу адрасбофӣ сарукор доранд, аз тамоми намуди андозҳо озод карда шуданд. Ин иқдом боз ҳам барои дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур нигаронида шуда, аз ҳар ҷиҳат манфиатҳои бештарро ба бор овард.