Имрӯз, 9 август Шералӣ Мирзо, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Баҳодир Қурбонов, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди омӯзиши кадрҳои низомии тоҷик дар донишгоҳҳои Узбекистон қарордод ба имзо расониданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот гуфта шуд, ки масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар на танҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, балки дар заминаи дифоъ ва амният низ ба сатҳи баланд баромаданд.
Пас аз ин ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо аз Маркази миллии назорати дифои Узбекистон дидан намуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 август дар Тирмиз машқҳои муштараки низомии Узбекистон ва Тоҷикистон “Иттиҳод-2022” оғоз ёфт.