Дар доираи сафари корӣ ба Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода дар Анҷумани ҷашнии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) дар Лондон ва инчунин дар Анҷумани тиҷоратӣ бахшида ба 30-солагии ҳамкории бонки мазкур бо кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хабар доданд.
Дар анҷуман ҳамчунин президенти EBRD Одил Рено-Басо, аъзои ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, намояндагони доираҳои коршиносӣ ва соҳибкорӣ ширкат доштанд. Дар рафти анҷуман шарҳи ҳамкории EBRD бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар тӯли 30 соли охир, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи шарикӣ сурат гирифт.
Роҳбарияти Бонк тазаккур дод, ки Осиёи Марказӣ дар сиёсати сармоягузории EBRD авлавияти хосса дорад ва ҳамчунин ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои минтақа изҳори ҷонибдорӣ кард. EBRD маблағгузории лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика, обтаъминкунӣ, нақлиёт, логистика ва дигар соҳаҳоро идома медиҳад. Таваҷҷуҳи бештар ба лоиҳаҳое, ки ба таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва тавсеаи коммуникатсияҳои нақлиётию логистикӣ нигаронида шудаанд, дода мешавад.
Ҳамчунин ба афзоиш додани сармоягузорӣ дар татбиқи тарҳҳои рушди устувор ва энергетикаи «сабз», ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои минтақа саҳми назаррас хоҳанд гузошт, изҳори омодагӣ карда шуд.
Усмоналӣ Усмонзода зимни суханронии худ дар ҷаласаи пленарӣ ба иштирокдорон дар бораи марҳалаҳои рушди иқтисодии кишвар дар 30 соли охир, дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ бо EBRD, тадбирҳои андешида оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, имконоти сармоягузории мавҷуда ва лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ маълумот дод.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон таъкид кард, ки авлавиятҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва неруи инсонӣ, рушди устувори иқтисодӣ мутобиқи Ҳадафҳои рушди устувори СММ, ҳифзу таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мебошанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон тайи солҳои охир тавонист истиқлолияти худро таҳким бахшад ва ба иштирокчии комилҳуқуқу масъулиятноки муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёбад. Дар ин давра рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар таъмин гардида, баҳри расидан ба ҳадафи олии худ — баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар тӯли 20 соли охир рушди миёнаи солонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонӣ дар соли 2000 то ба 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ то ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар, буҷети давлатӣ 11 баробар ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ беш аз 30 баробар зиёд гардид. Дар ин давра дар кишвар беш аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали истиқлолият қариб 4 баробар афзуд. Дар доираи анҷуман ҳамчунин бо иштироки ширкатҳои британиягӣ ва хориҷӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ҳамоиши соҳибкорон баргузор гардид.
Ҳамчунин дар ҳошияи Анҷумани EBRD аъзои ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон — муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода ва муовини аввали Вазири молия, Ҳамоҳангсози EBRD дар Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода як қатор вохӯриҳои дуҷониба доир карда, оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Зимни вохӯриҳо аҳамияти таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ, бунёди иншооти обӣ, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» таъкид карда шуд. Аз ҷумла, 8 июл муовини Сарвазири ҶТ Усмоналӣ Усмонзода бо Президенти EBRD хонум Одил-Рено Бассо, ноиби президенти ин бонк Марк Боуман ва бо директорони EBRD оид ба инфрасохтори кишварҳои Авруосиё Екатерина Мирошник ва оид ба идораи амалиёт Наталя Ханженкова мулоқот намуд.
Усмоналӣ Усмонзода ҳамчунин бо муовини Сарвазир — Вазири молияи Қазоқистон Элуран Жамаубоев ва муовини Сарвазири Қирғизистон Одилбек Қосималиев мулоқот анҷом дод. Иттилоъ дода шуд, ки ҷаласаи навбатии 32-юми солонаи Шӯрои мудирони EBRD дар соли 2023 дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор мешавад.