Дар шаҳри Газиантепи Туркия вохӯрии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон бо маъмурияти Минтақаи муташаккили саноатӣ (ММС)-и Газиантеп баргузор гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Носирҷон Маъмурзода, сардабири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» иттилоъ медиҳад.
Раиси вилояти Хатлон ва ҳайати ҳамроҳонашро ноиби президенти ММС-и Газиантеп Умар Ҷинҷикчи истиқбол гирифт. Зимни мулоқот намояндаи Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп оид ба имрӯз ва дурнамои минтақа маълумот дод. Зикр шуд, ки дар Газиантеп 6 минтақаи муташаккили саноатӣ мавҷуд буда, дар масоҳати 4,5 ҳазор гектар доман афрохтааст.
Дар беш аз ҳазор ширкати истеҳсолие, ки дар ҳудуди ин минтақаҳои саноатӣ фаъолият доранд, 250 ҳазор нафар кор мекунанд. Умар Ҷинҷикчи афзуд, ки феълан дар Минтақаи муташаккили саноатӣ то 30 ширкати хориҷӣ, аз ҷумла аз Сурия, Амороти Муттаҳидаи Араб, кишварҳои Балтик фаъолият доранд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар мулоқот бо масъулони ММС ва соҳибкорони Газиантеп қайд карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия муносибатҳои гарму дӯстона дорад, ки дар асоси принсипҳои эҳтироми якдигар, эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн бунёд шудаанд.
«Айни замон бештар аз 100 ширкати сармоягузории Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар доранд ва ҳаҷми сармоягузорӣ ҳамасола рӯ ба афзоиш аст. Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҷалби сармоя шароити муосид фароҳам овардаву минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил намудааст, инчунин аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ низ онҳо бархӯрдоранд, — идома доданд раиси вилоят. Мо барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ захираю иқтидор ва имкониятҳои калон дорем ва Роҳбарони Тоҷикистону Туркия дар ин ҷода барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои ҳамкории байниминтақавӣ дар назди мо вазифагузорӣ намудаанд»,-гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин доир ба зарфиятҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва самтҳои асосии сармоягузорӣ маълумот дода, гуфтанд, ки барои бунёди корхонаҳои муштарак ва тақвияти ҳамкориҳо дар вилоят захираҳои зиёди ашёи хом ва имконияту иқтидорҳои зарурӣ мавҷуд мебошад. «Ташрифи мо ба Ҷумҳурии Туркия ба дарёфти ҳамкории судманд дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла растанипарварию чорводорӣ, коркарди гӯшту шир, меваю сабзавот, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ, тақвияти ҳунармандӣ ва инчунин ба роҳ мондани алоқаи мустақим байни корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла, ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ, пойафзолбарорию маҳсулот аз чарм, ташкил ва таъмини фаъолияти босамари минтақаҳои саноатии ба содиротнигаронидашуда бахшида шудааст», — зикр намуд раиси вилоят.
Дар идомаи мулоқот миёни масъулони вилояти Хатлон ва Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп, инчунин доираҳои тиҷоратии ҳар ду ҷониб вобаста ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳунармандӣ, имкониятҳо барои роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи туркӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар интиҳои мулоқот раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва ноиби президенти Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп Умар Ҷинҷикчи санади ҳамкориро оид рушди равобити иқтисодию тиҷоратӣ, баррасии имконияти сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноати сабук ба имзо расониданд.
Ҳамчунин санади ҳамкорӣ миёни роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” Илҳом Камол ва ноиби президенти ММС-и Газиантеп Умар Ҷинҷикчи ба имзо расида, аз ҳайати музофоти Газиантеп, аз ҷумла ММС-и Газиантеп, даъват карда шуд, ки дар соли оянда ба Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ташриф биоранд.
Пас аз мулоқот бо роҳбарияти ММС-и Газиантеп гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолию саноатии ин минтақа шинос шуданд.