
Имрӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи нишасти навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жаппаров мулоқот карданд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон иттилоъ дод.
Ба зикри манбаъ, ҷонибҳо низоъ дар марзро баррасӣ карданд. “Роҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки ба сохторҳои марбута дастур диҳанд, то оташбас эълон карда, нерӯҳоро аз хатти даргирӣ берун оранд”, — навиштааст манбаъ.
Бар асоси тавофуқнома, раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар дар ҷойи ҳодиса кор хоҳанд кард. Инчунин, барои таҳқиқи шароит ва сабабҳои ҳодиса комиссия таъсис дода шудааст. «Ҳамчунин дар бораи суръат бахшидан ба кори Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ тавофуқ ҳосил шуд», — гуфт дафтари матбуоти Президенти Қирғизистон.