
Тоҷикистон ва Қирғизистон барои идомаи ҳалли масъалаҳои марбут ба аломатгузории марзи кишварҳо тавофуқ карданд, ки мулоқоти нав баргузор кунанд. Музокироти навбатӣ ин дафъа дар қаламрави Тоҷикистон сурат мегирад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Мулоқоти охирини намояндагони ҳар ду мамлакат ва гурӯҳҳои кории топографӣ рӯзҳои 21-26 июл дар Бодканди Қирғизистон барпо гардид.