Дар Туркия форуми байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлон ва шаҳри Бурса баргузор гардид, ки дар он шахсони расмии ҳар ду ҷониб ва намояндагони беш аз 100 ширкати тоҷикию туркӣ ширкат варзиданд. Дар ин бора Носирҷон Маъмурзода, сардабири рӯзномаи «Хатлон» аз Туркия ба радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Қайд гардид, ки баргузории Бизнес-форуми доираҳои тиҷоратии Хатлону Бурса ва намоишу вохӯриҳои иқтисодӣ боис ба он мегардад, ки сарчашмаҳои нави ҳамкорӣ миёни ҳар ду ҷониб мавриди истифода қарор гирад.
Намояндагони шаҳри Бурса зимни муаррифии имкониятҳои иқтисодию тиҷоратӣ зикр намуданд, ки танҳо аз шаҳри Бурса ба Тоҷикистон ба маблағи 7 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот шудааст. Дар маҷмуъ, 75 ширкат аз ин шаҳри саноатии Туркия ба Тоҷикистон молу маҳсулоти тавлидотиашонро ихроҷ мекунанд.
“Дар натиҷаи вусъат бахшидани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ мо ният дорем, ки ҳаҷми гардиши молро миёни Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба як миллиард доллари амрикоӣ расонем. Ин имконпазир аст”, — таъкид гардид дар форуми мазкур.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Ашрафҷон Гулов дар баромади худ доир ба дастгирии соҳибкорӣ ва имтиёзҳои давлатӣ барои сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба соҳаи тиҷорат ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ маълумот дод. Зикр шуд, ки ҷалби сармояи Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёфта, нақши соҳибкорони ин кишвар бо истифода аз фазои муосиди сармоягузории Тоҷикистон дар амалисозии тарҳҳои муштараки роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, саноат ва тандурустӣ зиёд гардида истодааст.
— Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҷалби сармоя шароити муосид фароҳам овардаву минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил намудааст, инчунин аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ низ онҳо бархӯрдоранд, — идома дод сафири Тоҷикистон дар Анқара. — Чунин имконотро сармоягузорони Ҷумҳурии Туркия дар доираи сиёсати сарони ҳарду давлат самаранок истифода мебаранд.
Намунаи олии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркия ин бунёду ба истифода додани Корхонаи муштараки банду баст ва истеҳсоли автобусҳои “Акиа Авесто индастри электроникс” маҳсуб меёбад, ки дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуд. Ин коргоҳ дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ автобусҳои мусофирбар истеҳсол менамояд, ки айни замон дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ба таври васеъ истифода мегардад.
Дар ин баробар, ифтитоҳ ва фаъолияти хуби Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани “Кока Кола” низ самараи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия арзёбӣ мегардад ва имрӯз ин коргоҳҳо дар рушди истеҳсолот ва бахши саноат ҳиссаи чашмрас доранд.
Дар ин миён боз метавон даҳҳо коргоҳу корхонаҳоеро ном бурд, ки дар Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорони ду ҷониб ифтитоҳ гардидаву имрӯз фаъолияти хуб доранд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни муаррифии дастовардҳо ва имкониятҳои иқтисодию сармоягузорӣ, сайёҳию фарҳангӣ ва захираҳои табиии вилоят қайд намуд, ки дар Хатлонзамин соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб ёфта, наздик ба 70 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ фаъолият дорад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят соли гузашта 2,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Ҳиссаи вилоят дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил дода, самтҳои асосӣ истеҳсоли меваю сабзавот, парвариши пахта, ғалладонагиҳо, полезиҳо, боғдорию токпарварӣ, соҳаи чорводорию парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола дар вилоят наздик ба 300 ҳазор тонна пахта 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар идомаи сухан зикр кард, ки саноати вилоятро ҳудуди 700 корхонаю коргоҳҳои хурду калон намояндагӣ мекунанд ва онҳо беш аз 220 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол менамоянд. Дар вилоят саноати кӯҳӣ, энергетика, саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва саноати сабук рушд ёфтааст. Соли 2021 ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшудаи саноатӣ ба як миллиард доллари амрикоӣ баробар шуда, зиёда аз 90 фоизи ҳаҷми истеҳсоли барқи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол карда мешавад.
Дар форуми байниминтақавии соҳибкорони Хатлон ва Бурса миёни соҳибкорони ҳар ду кишвар ва намояндагони давлат вобаста ба имтиёзу шароити сармоягузорӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.
Пасон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ноиби президенти Ассамблеяи соҳибкорони Бурса Метин Шенюрт, раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Фарҳод Расулзода ва ноиби президенти Ассамблеяи соҳибкорони Бурса Метин Шенюрт, раиси ноҳияи Данғара ва раиси Минтақаи муташаккили саноатии Бурса Узҷан Гюк ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд.
Дар қисмати баъдии форум мулоқотҳои рӯ ба рӯ (В2В)-и соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои тоҷикию туркӣ сурат гирифта, имконияти роҳандозии ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, бунёди коргоҳҳои муштарак, омодасозии мутахассисон ва таҷрибаомӯзиҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи маълумоти сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон Қ. Қурбонзода, дар форумҳои байниминтақавии соҳибкорони Хатлону Газиантеп ва Хатлону Бурса миёни ширкатҳои тиҷоратии тоҷику турк дастикам 17 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 50 миллион доллари амрикоӣ ва 16 санади ҳамкорӣ миёни ҳайатҳои расмии вилояти Хатлон ва шаҳру вилоятҳои Туркия ба тасвиб расидааст.
Ёдовар мегардем, ки ҳайати вилояти Хатлон иборат аз роҳбарияти вилоят, раисони ҳафт шаҳру ноҳия ва 45 нафар соҳибкорон бо мақсади роҳандозии ҳамкории судманд дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла растанипарварӣ, чорводорӣ, коркарди гӯшту шир, меваю сабзавот, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ, тақвияти ҳунармандӣ ва инчунин ба роҳ мондани алоқаи мустақим байни корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла, ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ, пойафзолбарорию маҳсулот аз чарм, ташкил ва таъмини фаъолияти босамари минтақаҳои саноатии ба содирот нигаронидашуда ва омӯзиши таҷрибаи корхонаҳои саноатӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафар карда, аз 12 то 17 сентябр силсилаи вохӯриҳо бо ҳамтоёни турк ва боздидҳо аз фаъолияти корхонаҳо ва минтақаҳои муташаккили саноатӣ анҷом доданд.