Рӯзи 22 сентябри соли 2022 як гуруҳ тоҷикони Олмон дар назди Сафорати Қирғизистон дар шаҳри Берлин гирдиҳамоии эътирозӣ доир кардаанд. Дар аксҳои нашркардаи расонаҳои маҳаллӣ дида мешавад, ки дар назди Сафорати Қирғизистон дар Берлин ҳудуди 20 нафар тоҷикон гирди ҳам омадаанд.
Эътирозгарон бо худ аксҳои қурбониёни муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро оварда, шиорҳоеро, ба мисли “Куштори кӯдакони тоҷикро бас кунед!” баланд кардаанд. Онҳо дар Берлин нахустин гирдиҳамоии эътирозии зодагони Тоҷикистон дар пайи муноқишаи охирин дар марзи ду кишвар аст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб постгоҳҳои сарҳадии минтақаҳои наздимарзии шаҳри Исфараро бо истифодаи силоҳҳои гуногуни оташфишон мавриди ҳамла қарор додаанд.
Дар ин ҳамла ҷониби Қирғизистон аз техникаҳои зиреҳпӯш ва тайёраҳои бесарнишин, аз қабили ракетаҳо, миномётҳо истифода намудааст, ки дар натиҷа 2 афсари қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтидаанд. Ҳамзамон Ҷумҳурии Қирғизистон ба нуқтаҳои ҳаммарз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаҳои ҳарбӣ, яроқу аслиҳа ва афсарони иловагӣ интиқол дод, ки дар натиҷаи ин ҳамлаи мусаллаҳона 41 нафар шаҳрванди кишвари мо фавтид.