Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» дараҷаи III мукофотонид. Фармони дахлдори Президенти Федератсияи Россия рӯзи сешанбеи 4 октябр дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд.
«Барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» дараҷаи III мукофотонида шавад», — гуфта шудааст дар матни фармон.
Хотиррасон мешавем, ки соли 2017 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои Россия ва Тоҷикистон бо ордени «Александр Невский»-и низ мукофотонида шуданд.