
25 октябри 2022 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикисон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҳамад Сулаймон ал-Мишъон баргузор гардид.
Тавре радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд.