
Имрӯз дар Толори калони Консерватория маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессори кафедраи сарояндагии анъанавӣ Мастона Эргашева баргузор гардид.
Ташрифи шоирону нависандагон, ҳунармандон, аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди Марям Исоева, Гулрухсор Сафиева, Ҳалим Сангин, Заур Дахте, Борис ва Тамара Катаевҳо аз Амрико, директори генералии Маркази мақоми Ӯзбекистон профессор Соҳибҷон Бегматов, солисти ансамбли “Мақом” Фазилат Ахмедова ва дастаи ҳунарии мақомчиён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигарон маҳфили имрӯзаро боз ҳам рангинтар намуд.
Дар барномаи консертӣ суруду оҳангҳо аз эҷодиёти Мастона Эргашева дар иҷрои соҳибҷашн ва шогирдонашон садо доданд. Фаъолияти Мастона Эргашева на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки берун аз он низ маълуму машҳур аст. Бахусус дар суханронии меҳмонон зикр гардид, ки ин ҳунарманди мумтоз дар кишвари Ӯзбекистон низ мухлисони бешумор дорад.
Маҳз ба туфайли роҳандозии муносибатҳои дуҷониба аз ҷониби сарварони ин ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар, баргузории чунин чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ имрӯзҳо имконпазир гаштааст.
Рӯнамоии китоби “Мастона месарояд” ва баргузории маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева бо иштироки ҳунармандон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон далели гуфтаҳои болост.
Раёсати консерватория муносибатҳои байнифарҳангиро бо кишварҳои хориҷ баҳри рушди санъати мусикии касбии тоҷик минбаъд низ таҳким хоҳад бахшид.