1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Қубодиён аз ҷараёни дарави шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.
Заминҳои корами обию лалмӣ, истифодаи самараноки он, дастгирии хоҷагидорон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ фаровонҳосилиро дар ноҳия таъмин ва сатҳи зиндагии сокинонро беҳтар гардонид.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҷрибаи парвариш, нигоҳубин ва ҷамъоварии ҳосили фаровони шолӣ дар хоҷагиҳои пешқадами ноҳия шинос шуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҷӯра” соли 2016 аз ҷониби Муродулло Мусоев ташкил гардида, ба парвариш ва истеҳсоли намудҳои гуногуни зироати кишоварзӣ машғул мебошад.
Имсол аҳли заҳмат баъд аз ҷамъоварии ҳосили асосии макка барои дон дар майдони 30 садяк кишти такрории шолӣ гузарониданд, ки самараи хуб ба бор овардааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо мутахассисону хоҷагидорон таъкид намуданд, ки кишоварзони мамлакат дар ин шабу рӯз бояд аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, сари вақт ҳосилро ҷамъоварӣ ва фаъолиятро ҷиҳати васеъ гардонидани майдони кишти тирамоҳӣ ҷоннок созанд.
Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳия муаррифӣ гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими имсола кишоварзони ноҳияи Қубодиён дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳосили фаровони ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ ва меваҷот ба даст оварданд.
Аз ҷумла, дар 9 моҳи соли 2022 қариб 34 ҳазор тонна ғалладонагӣ, 86 ҳазору 422 тонна сабзавот, 8 ҳазор тонна мева, беш аз 5 ҳазор тонна пахта, дигар намуди маводи ғизоӣ ва хӯроки чорво ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳосилнокӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо намунаи ҳунари занону бонувони чирадасти ноҳия шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ асосан маҳсулоти кишоварзӣ, нонӣ ва таъомҳои миллӣ муаррифӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардида, ба насли ояндаи мамлакат омӯзонида мешаванд.