Бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Малайзия дар шаҳри Куала-Лумпур Фестивали кинои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи фестивал намояндагони мақомоти расмии Малайзия, корпуси дипломатии муқими Куала-Лумпур, ВАО, доираҳои соҳибкорон, ходимони илму фарҳанг, инчунин ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқими Малайзия иштирок намуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ оид ба пешрафту дастовард ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия иброз дошт, ки ин аввалин Фестивали кинои Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад.
Ҳамчунин дар чорабинии мазкур мудири ҶДММ “Golden Screen Cinemas” хонум Коҳ Мей Ли сухан гуфт.
Дар баробари ин дар чорабинӣ асбоби мусиқӣ ва либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, расмҳои мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, таомҳои миллӣ ва маводи сайёҳӣ ба маъраз гузошта шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ташаббускорони Фестивали мазкур Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ҶДММ «Golden Screen Cinemas» мебошанд.