
10 ноябр дар Ашқобод муовини раиси Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқоти дӯстона ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати кӯшишҳои тарафайнро ҷиҳати ғанӣ гардонидани мӯҳтавои онҳо бо назардошти чорабиниҳои муштараки сатҳи олӣ таъкид сохтанд.