10 ноябри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардиданд. Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ ва ҳайати Туркманистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Вепа Ҳоҷиев роҳбарӣ карданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зимни машваратҳо тарафҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ва ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳои нақлиётӣ миёни ду кишвар изҳор карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти идомаи муколамаи муқарраршуда дар сатҳҳои гуногунро барои диверсификатсияи минбаъдаи ҳамкориҳои судманд, ки ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн мебошад, таъкид намуданд.