Дабири кулли СААД Станислав Зас дар робита ба ташдиди вазъ дар марзи ду кишвар бо котибони шӯрои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад котиботи СААД дар шабакаи “Telegram”.
Станислав Зас, Насрулло Маҳмадзода ва Марат Имонқулов зимни мулоқот зарурати оташбаси фаврӣ ва музокирот оид ба вазъи кунуниро тавассути мақомоти салоҳиятдор барои ҳалли истиснои низоъ бо роҳи осоишта баррасӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, ба зикри Насрулло Маҳмадзода ва маркази матбуоти КДАМ ҶТ талошҳои ҷониби Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон то соати 11:10 бенатиҷа анҷом ёфт, зеро ҷониби Қирғизистон тирандозиро идома дода, ҳалли масъаларо бо роҳи гуфтушунид рад мекунад.
«Ду маротиба низомиёни қирғиз ба оташбаси якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тирпаронии шадид аз ҳама навъҳои аслиҳа посух дода, мавзеъҳои аҳолинишини Тоҷикистонро тирборон карданд», — гуфт намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Даргирии густарда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон субҳи имрӯз оғоз шуд.