
Карен Деккер, масъули оид ба корҳои Амрико дар Афғонистон барои ширкат дар “Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон” ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон омад. Ӯ дар дар саҳифаи Твитераш навиштааст, ки: «Ман дар ин ҷо барои гӯш кардан омадаам, аммо омодаам бори дигар таъкид кунам, ки ИМА аз мардуми Афғонистон ва Афғонистон дар сулҳ бо худ ва ҳамсоягонаш пуштибонӣ мекунад.
«Имконияти табодули афкор дар бораи вазъи Афғонистон бо намояндагони Афғонистон, Тоҷикистон, кишварҳои минтақа ва Иттиҳодияи Аврупо хеле хуб аст»,- гуфт Карен Деккер.
Бояд гуфт, ки иҷлосияи даҳуми “муколамаи амнияти Ҳирот” дар Тоҷикистон таҳти унвони «Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо» ҷараён дошта, дар он намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.