Сатҳи камбизоатӣ имрӯз дар Афғонистон дар ҳоли афсӯс аст. Масалан, наздик ба 55% аз шаҳрвандони Афғонистон имрӯз дар ҳоли на танҳо камбизоатӣ, балки бебизоатӣ қарор доранд. Дар ин бора имрӯз Фавзия Куфи, собиқ вакили парлумони Афғонистон, зимни конфронси байналмилалии «Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳои ва қадамҳо», ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, ибрози назар кард.
Ба гуфти собиқ вакил, маҳз ҳамин омилҳо буданд, ки аҳолии ин сарзамин, махсусан, занон ба кӯчаҳо баромада, норозигӣ баён карданд. «Вале оқибати ин норозигиҳо чӣ шуд? Ин занҳо дучори табъизу хушунат шуданд. Яъне, ин гувоҳи он аст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон занонро қабул надоранд ва онҳоро орӣ аз ҳуқуқ меҳисобанд», — гуфт Фавзия Куфи.
Ӯ аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон даъват ба амал овард, ки ҷунбиши занони афғонро нодида нагиранд, балки онҳоро ҷонибдорӣ намуда, бо ин васила ҳуқуқҳои аздастрафтаи занони афғонро ба мову онҳо баргардонанд ва барои мо фазои озоди зиндагиву фаъолиятро фароҳам оранд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
«Овози тоҷик»