Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карданд, ки дар 5 соли охир ҳаҷми маош 1,5 баробар ва нафақа 1,3 баробар зиёд шудааст.
“Сатҳи камбизоатӣ бошад дар давоми 5 сол аз 27,4 фоиз то 22,5 фоиз коҳиш ёфт. Дар ин давра барои пардохтҳои иҷтимоӣ то 200 миллион сомонӣ равона шудааст”,-таъкид карданд Пешвои миллат.
Ҳамзамон, тазаккур дода шуд, ки то охири сол барои 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ пардохт карда мешавад. Бо ин мақсад аз буҷаи кишвар 285 млн сомонӣ равона карда шудааст.
Ба ғайр аз ин, сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон 4,2 фоизро ташкил дод ва ин яке аз беҳтарин нишондодҳо дар кишварҳои ИДМ мебошад.
Сарвари давлат, инчунин, зикр намуданд, ки дар давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 3430 муассисаи нави таълимӣ барои 1, 5 млн хонанда бунёд карда шуд. «Дар 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд»,-қайд карданд Роҳбари давлат.
Ёдовар мешавем, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар айни замон дар Кохи Сомон ироа шуда истодааст.