Устодон ва донишҷуёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дастаҷамъона Паёми Роҳбари давлатро мустақиман тамошо карда истодаанд. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Абдуфаттоҳи Абдурауф аз донишгоҳи мазкур хабар дод.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии худро, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифта шуда буд, ирсол намуда истодаанд.
Он тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ба таври мустақим пахш гардида, дар тамоми вазорату идораҳо, муасисаҳои таҳсилотии олию миёна ва дигар марказҳои ҷамъиятӣ дастаҷамъона тамошо ва гӯш карда истодаанд.