
Камиль Нурматов донишҷӯи соли сеюми факултети табиатшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст. Ӯ соли 2018 баъди хатми синфи 9 бо умеди ояндаи дурахшон ба Литсейи техникии шаҳри Душанбе дохил шуд ва онро соли 2020 бо чандин дастовардҳо хатм кард. Ҳамон сол дар Олимпиадаи байналмилалии довталабони хориҷӣ барои дохил шудан ба Донишгоҳи индустриалии Тюмень (ТИУ) иштирок намуда, ҷойи якумро гирифт.
Ин шонс ба Камиль бартарӣ дод, то бидуни имтиҳон ба ТИУ дохил шуда, дар шакли буҷҷавӣ ва гирифтани идрорпулии олӣ таҳсил намояд. Аммо, воқеаҳои охирини ҷаҳон, чун баста шудани сарҳадҳо монеъ шуданд, то Камиль ҳуҷҷатҳояшро ба Маркази миллии тестӣ супорад. Баъди супурдани имтиҳонҳо имкон барояш даст дод, ки ба ДСРТ дохил шавад.
Ӯ имрӯз аз зумраи ҷавонони ихтироъкор аст ва бино ба нақли худаш вақте кӯдак буду падараш таъмиргари мошин ҳамеша ба кори ӯ бо таваҷҷӯҳ нигоҳ мекарду барояш саволҳо дод.
“Он вақт ман ба технология шавқ пайдо кардам. Вақте ки 5-6 сола будам, ба он таваҷҷӯҳ мекардзавқ доштам, ки радио, телевизор ва дигар таҷҳизот дар дохилашон чӣ доранду онҳо аз чӣ иборатанд ва чӣ гуна ҳамаи ин механизмҳо дар дохили онҳо амал мекунанд. Дере нагузашта ман тамоми асбобҳои техникиеро, ки меёфтам, ба қисмҳо ҷудо карда, баъд аз нав ба ҷояшон мегузоштам. Оҳиста-оҳиста дар ин самт навгониро сар кардам ва ҳамин тавр, як бор лампаеро ба қуввадиҳан (батарея) пайваст кардам ва бори дигар тавассути моторча мошини ҳаракатдор сохтам. Баъди ин, падарам барои ман устохонаи алоҳида ташкил кард, ки дар он ҷо бемалол кор карда метавонам”, — гуфт ӯ.
Имрӯз ин бачаи серистеъдод ҳам навгонӣ меофараду ҳам сарояндагӣ мекунад ва ҳам ба варзиш шуғл дораду аллакай дар фазои маҷозӣ ҳаводорони худро дорад. Ӯ иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” дар соли 2022 буда, тавонист дар ҳар се давр мақоми аввалро касб намояд.
Барои воқиф шудан аз рӯзгор ва фаъолияти ӯ рӯзҳои наздик барномаи тозатаъсиси «Навовар»-ро аз бахши дарии радиои бурунмарзии “Овози тоҷик” бо Фуруҳар Тоҳири рӯйи мавҷи 105.5 FM шунавед.