Тавре қаблан иттлоъ дода будем, шоми 9 август дар Варзишгоҳи шаҳри Қунияи Туркия Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ расман ифтитоҳ шуд. Дар он ҳайати олимпии Тоҷикистон низ иштирок намуд.
Тавре ки ТВ варзиш хабар медиҳад, дар доираи Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ ҳайати тенниси рӯи мизи Тоҷикистон бо ҳисоби 3 бар 2 тими Сенегалро шикаст дода, имрӯз бо дастаи Яман бозӣ мекунанд. Бозии мазкур даставӣ буда, Убайдулло Султонов, Афзал Маҳмудов ва Ҷамшед Исмоилов пирӯзии тими тенниси рӯи мизи кишварамонро муқобили Сенегал таъмин карданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаҳои Сенегал, Яман ва Тоҷикистон шомили гурӯҳи “В” мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ то 18 август идома ёфта, дар он беш аз 4000 варзишгар аз 56 давлати узви Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ иштирок доранд. Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 65 нафар (48 варзишгар) ба Қуния сафарбар гардидаанд.