
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Саидов мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат вазирон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои иттифоқӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба ҷадвали тамосҳои сатҳи олӣ ва баланди дарпешистода мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 24 январ дар пойтахти Узбекистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳри роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок мекунад.