
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Соли нави милодӣ ба Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ва мардуми ин кишвар расонид.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, 12 январи соли 2023 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар Қасри Белвю дар пазироии солинавии Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок намуд.
Франк-Валтер Штайнмайер роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Берлинро бо Соли нав табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияташон комёбиҳо таманно кард.