Саннаи 16 майи соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода дар ҳошияи сафари корӣ ба Димишқ бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Сурия Ҳусейн Арнус мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо атрофи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин, 18 май дар доираи сафари корӣ ба Димишқ мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Иттиҳодияи Палатаҳои савдои Ҷумҳурии Арабии Сурия ва раиси Палатаи савдои Димишқ Муҳаммад ал-Лаҳҳам доир гардид.
Зимни мулоқот имкониятҳои роҳандозии ҳамкорӣ байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Сурия, афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишвар, инчунин баргузории форумҳои саноатӣ ва намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.