Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Равшан Бобохонзода бо ҳокими вилояти Ҷамбул Нуржигитов Нуржан вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Мирсаиди Хайрулло дар такя ба саҳифаи расми Коннсулгарӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук иттилоъ дод.
Ба зикри хабарнигор, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро дар сатҳи минтақаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Ҷамбул консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато Равшан Бобохонзода аз Муассисаҳои ислоҳии шаҳри Тарази вилояти Ҷамбули Ҷумҳурии Қазоқистон боздид ба амал оварда, бо шаҳрвандони маҳкумшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат баргузор намуд. Дар рафти боздид кормандони муассисаи консулӣ бо шароити нигоҳдорӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва саломатии маҳкумшудагон аз наздик шинос шуданд.