
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Зулфия Сафарова хабар медиҳад.
Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушбахтзода Қобилҷон Хушбахт суханрони намуда, иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми кӯдакони Тоҷикистонро бахшида ба рӯзи кӯдак самимона табрик гуфта, иброз доштанд, ки санаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳбубияти хосса пайдо намуда, ҳамасола бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон дар мақомоту муассисаҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногун баргузор мегардад. Бо шарофату сиёсати оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Дар идома мудири кафедраи психологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳрулло Саидзода дар бораи баланд бардоштани савияи дониши кӯдакону наврасон бо маъруза баромад намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ Ансамбли “Наврӯз”-и донишгоҳи мазкур баҳри иштирокчиён ҳунарнамоӣ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки санаи мазкур 73 сол муқаддам соли 1950 дар 51 кишвари дунё бо қарори Анҷумани Шӯрои Федератсияи Байналмилалии демократии занон эълон гардида, ҳамасола 1 июн дар бештари кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.