
Санаи 29 – 31 майи соли 2023 дар доираи сафари ҳунарӣ Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сариоғош ва шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон консертҳои тантанавӣ бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар чорабинӣ намояндагони Сафорат ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷкистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳокимияти вилояти Туркистон ва ноҳияи Сариоғош, аҳли фарҳанг ва тоҷикони муқими вилояти мазкур ширкат намуданд.