
Фаъолияти Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд аз ҷониби гурўҳи кории муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Тибқи таҳлилҳо нишондодҳои давоми 4 моҳи соли ҷорӣ коркарди электронии роҳхату борхат дар 29 ширкати нақлиёти мусофирбарӣ амалӣ гардида, танҳо дар моҳи май беш аз 15 ҳазор роҳхат тариқи электронӣ коркард шудааст.
Ҳамчунин иттилоъ доданд, ки ҳисоботҳои оморӣ ва таҳлилӣ вазъи кунунии соҳа нишон дод, ки дар фаъолияти агент-экспедиторон дар минтақаи Суғд камбудиҳо низ ҷой доранд.
Зимни ҷаласаи корӣ Раҳмиддин Саломзода Директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» — и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, хусусан ҷиҳати ҳарчи бештару хубтар фаро гирифтани ширкату корхонаҳои наќлиётӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир дар самти рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани этикаи касбии ронандагон ва ҷонок намудани раванди дарсҳои «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» дастуру супоришҳои мушаххас доданд.