
Санаи 1 июни соли 2023 бо дархости роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевдӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистон бо UNHCR, аз ҷумла мусоидат ба паноҳандагон ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.
Ҳамчунин, Фарҳод Салим аз роҳбари Намояндагии UNHCR бинобар ба охир расидани фаъолияти кориаш дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, дар корҳои минбаъдааш муввафақиятҳо таманно кард.