Масъалаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар ва ба фаъолият шурӯъ намудани Ширкати муштараки сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шӯҳрат Вафаев мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Зимни мулоқот Абдуҷаббор Раҳмонзода мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои ҳалли он ва ҳарчи тезтар ба фаъолият шурӯъ намудани Ширкати муштаракро муҳим шуморид. Ҳамзамон якчанд лоиҳаи сармоягузориро, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод шуда буд, барои омӯзиш ва дастгирӣ ба Роҳбари Бунёди мазкур пешниҳод кард.
Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шакли ҶДММ бо сармояи оинномавии ибтидоии 12 млн доллар таъсис ёфта, марҳила ба марҳила то 100 млн доллари ИМА расонида мешавад.
Ҳамзамон якчанд лоиҳаи сармоягузориро, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод шуда буд, барои омӯзиш ва дастгирӣ ба Роҳбари Бунёди мазкур пешниҳод кард.
Ҳадафи ширкати сармоягузорӣ маблағгузории лоиҳаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон буда, ҳиссаи Фонди таҷдиду рушд дар ташаккули сармояи оинномавии он 75 фоиз ва ҳиссаи ҷониби Тоҷикистон 25 фоизро ташкил медиҳад.