
8-9 Амири Қатар ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ меояд. Дар ин бора ба радиои “Овози тоҷик” аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ баргузор мегардад.
Ҳамчунин мулоқоти ӯ бо Раиси Маҷлиси Намояндагон ва Сарвазири кишвар дар назар аст.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи Қатар ва Тоҷикистон дар соли 1994 оғоз ёфта, шоҳиди пешрафтҳои бузург ва густурда, ки ба нафъи ду кишвар ва мардумони онҳост гардидааст.